Адабиети класикии тоҷик Дарси панҷум. Зебуниссо бо тахалуси махфӣ.
Зебуниссо (Зебунисcо бегим) (порсӣ: زیبالنّساء ) — яке аз хушнависони Ҳинд ва аз шоирони сабки ҳиндӣ дар адабиёти порсӣ ва тасаввуф аст, ки шеър мегуфт ва тахаллусаш «Махфӣ» (порсӣ: مخفی ) буд.Зебуниссо духтари подшоҳи темурии Ҳинд (Ҳиндустон) Аврангзеби Оламгир ва набераи Шоҳиҷаҳон буд. Модараш Дилрасбону духтари Мирзо Бадеуаззамон Шоҳнавозхон яке аз бозмондагони Шоҳ Исмоили Сафавӣ буд[1]. Зебуниссо зани адиб ва донишдӯст, ҳунарманд ва ҳунарпарвар буд. Адабиёти порсӣ ва арабиро бисёр дӯст медошт ва Қуръонро аз бар намуд. Хаттҳои настаълиқ, насх ва шикастаи настаълиқро нек менавишта ва китоби бисёре ба номи ӯ таълиф кардаанд. Вай дар бадеҳа чирадаст буда ва ба сабки ҳиндӣ шеър мегуфт ва тахаллусаш «Махфӣ» буд. Девони ашъори Зебуниссо 4 000 байтро дар бар мегирад ки бештараш ғазал аст ва афзун бар он 7 қасида, 5 тарҷеъбанд ва як мухаммас низ эҷод кардааст. Аз навиштаҳояш метавон аз китоби «Зебулмуншаот» ном бурд. Ғазалҳояш гуногун аст ва бештар зиндагии душвору беҳуқуқии занони мазлумро бозтоб мекунад. Дили шоир бар ҳоли дармондагону бечорагон месӯзад. Аз ин ҷост, ки шоир онҳоро дилбардорӣ мекунад, таъкид менамояд, ки хаёт тагйир меёбад, дар оянда зиндагиашон бехтар хоҳад шуд.
Название:
Адабиети класикии тоҷик Дарси панҷум. Зебуниссо бо тахалуси махфӣ.
Категория:
Разное